Ҷилдсози дар тамадуни то исломи

Загрузка плеера...
  • 273
  • 0
  • 0
  • 0

Категория ролика: Как сделать вкусно

Теги: тамадуни, исломи, дар, ,

vБа шабака обуна ва ба дӯстон тавсия кунед ...#TJnewsМо дар ВК - Мо дар ОК - Мо дар twitter - Имрӯз дар Кохи Борбад мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10 - солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.Зимни суханронии хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақши Қонуни мазкур дар пешрафти ҷомеа андешаронӣ карда, ҳадафи баргузории мулоқотро натиҷагирӣ аз татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” давоми даҳ соли қабули он маънидод карданд.Таъкид гардид, ки дар вақти таҳияи қонуни мазкур пеш аз ҳама манфиати халқ ба инобат гирифта шуд ва татбиқи он барои таъмини баробарии иҷтимоӣ равона гардидааст.Ёдовар мешавем, ки даҳ сол муқаддам соли 2007 ба хотири баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд, Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардид ва он аз ҷониби аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуд. Ҳадафи дигар рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму оинҳои аз байнрафта, ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат дар рӯзи таҷлили солгарди 10 - уми амали қонун ба хотири натиҷагирӣ ва мукаммал гардонидани он бо иштироки намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа боз як ҳамоиши васеъ доир карда шуд. Мақсади ин вохӯрӣ баррасии зарурати аз нав ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки қисме аз маросиму маъракаҳо бо сабаби серхарҷ буданашон боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасониданд ва боиси исрофкорӣ мешуданд. Бо қабули қонуни мазкур ҳодисаҳои бетартибӣ дар тӯйҳо, то ҳадди содир шудани ҷиноятҳои вазнини авбошӣ ва одамкушӣ, вайрон гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳаракати мошинҳои арӯсу домод асосан аз байн рафтанд.Баъди қабули қонуни мазкур бо дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории дохилӣ, аз ҷумла кам намудани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатӣ дар байни 10 сол аз 53 фоиз то 30 фоиз, яъне 23 фоиз коҳиш дода шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, танҳо дар шаш моҳи баъди қабули қонун шумораи ақди никоҳ дар кишвар то 23 ҳазор зиёд гардида, соли 2007 ба 97 ҳазор ва соли 2008 ба 106 ҳазор расид.Дар даҳ соли амалӣ гардидани қонун беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст.Маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, харидории воситаҳои нақлиёт ва асбобу таҷҳизоти рӯзгор, инчунин, барои таълиму тарбияи фарзандон равона шуда истодаанд.Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо вуҷуди чораҳои то ба имрӯз андешидашуда ҳолатҳои пурдабдаба гузаронидани тӯю маъракаҳо ва хароҷоти бемаврид дар мамлакат ҳанӯз пурра аз байн нарафта, баъзе шаҳрвандон ҳанӯз ҳам расму ойинҳоро ҳамчун воситаи худнамоиву шуҳратпарастӣ истифода менамоянд, ки чунин рафтор бо табиати фарҳанги мардуми мо бегона ва мухолифи қонун мебошад.қонуни ҷт "дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷт"танзими анъана ва чашну маросимхо,танзими расму оинхо,конуни чумхурии точикистон дар бораи танзими анъана,конуни чт дар бораи танзими анъана,конуни танзим,конуни танзим дар точикистон,www din tj,

Код ролика:

Ссылка ролика:

Комментарии (0)

Нет комментариев. Ваш будет первым!

.